Тақдираш номаълум: исми сайёҳи бедаракшудаи рус дар кӯҳҳои Помир, маълум шуд

© Sputnik / Шерстенников / Гузаштан ба хазинаи аксЛедник Федченко на Памире. Архивное фото
Ледник Федченко на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сайёҳ ҳанӯз 26 июл бедарак шудааст
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар бораи сайёҳи рус, ки зимни фатҳи пиряхи Федченко бедарак шуд, гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 26 июл дар кӯҳҳои Помир дар наздикии пиряхи Федченко зимни баромадани гурӯҳи сайёҳон ба қуллаи Сент-Экзюпери яке аз кӯҳнавардон Маслов Александр Сергеевич аз кӯҳ сарозер шуд.
Тақдири ӯ то ҳол номаълум аст.
Манбаъ афзуда, ки бо гурӯҳи сайёҳон, хешовандони кӯҳнаварди бедаракшуда ва наҷотбахшону ҳамкорони тоҷикашон дар алоқа ҳастанд.
Вертолет Ми-8АМТШ-ВН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Хушшонс буд: видоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо халабони чархболе, ки дар ВМКБ суқут кард
Ёдовар мешавем, ки аввалин гузоришҳо дар бораи суқути чархбол дар кӯҳҳои Тоҷикистон баъд аз зуҳри 5 август пайдо шуданд.
Бино ба иттилоияе, ки аз ассотсиатсияи туроператорони кишвар ба РИА Новости расид, чархболи Ми-8-и хадамоти сарҳадии Тоҷикистон барои амалиёти наҷотдиҳӣ ба ҳаво баромада, дар наздикии деҳаи Пойи Мазори ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷи ВМКБ суқут кардааст.
Суқути чархбол дар Ванҷ як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳайати чархбол барои кӯчонидани ҳафт сайёҳи рус, ки рӯзи 28 июл бонги изтироб фиристода буданд, парвоз мекард.
Мақомот то кунун дар бораи ҳайати боқимондаи чархбол ва тақдири сайёҳон расман иттилое надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала