Ҷасади духтари 17-сола пас аз як ҳафта дар Вахш пайдо шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Обуна шудан
Ҷасади духтари 17-сола як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Баъди ҷустуҷӯҳои якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.
Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, ҷасади духтар, тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август, пайдо шудааст.
Тақдираш номаълум: исми сайёҳи бедаракшудаи рус дар кӯҳҳои Помир, маълум шуд
Гуфта мешавад, ки ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор будааст.
"Ӯ рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Вахш, дар мавзеъи Сари пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён ғарқ гардида буд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро ҳудудан 1 килеметр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сели ҷонхор: ҷасади сокини Амондара аз зери лою об ёфт шуд
Феълан ҷасади духтари ҷавон барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0