Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо

© Пресс-служба президента КРПрезидентҳои Осиёи Марказӣ
Президентҳои Осиёи Марказӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Раҳбари Туркманистон ҳамтоёнашро барои сайру гашт ба соҳили баҳри Каспий бурд. Пасон кишвардорон дар шаҳри Туркменбошӣ гашту гузор карданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Аксҳои президентҳои Осиёи Марказӣ аз сайру гашташон дар шаҳри Туркменбошӣ нашр шуданд.
Ак суратҳо дида мешавад, ки ҳамаи кишвардорон ғайр аз президенти Тоҷикистон бо либоси варзишӣ гашту гузор мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар тан яктаки кабудранг, болопӯши ширчойранг ва шимҳои ҷинс дорад.
© Хадамоти матбуотии президенти ҚазоқистонДастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев - либоси варзишии олимпӣ пӯшидаасту, дар тани меҳмондор - раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов либоси варзишии сафед аст.
© Котиботи президенти ҚазоқистонҚурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Қосим Ҷомарт Тоқаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов либоси варзишии рангаш кабуди баланд дораду президенти Ӯзбекистон либоси ранги сиёҳ ба бар кардааст.
© Facebook / пресс-секретарь президента Казахстана Берик УалиВстреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря
Встреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Встреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря
Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.
Ба гуфти котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.
Дидори сарони кишварҳои ОМ дар Туркманистон: дар соҳили баҳр "бе галстук"
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала