Марзи Эрону Афғонистон дар минтақаи Сиистон баста шуд

© REUTERS / JANIS LAIZANSСолдаты литовской армии устанавливают забор из колючей проволоки на границе с Белоруссией в городе Друскининкай
Солдаты литовской армии устанавливают забор из колючей проволоки на границе с Белоруссией в городе Друскининкай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Мақомоти Эрон аз басташудани марз дар минтақаи Сиистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Мақомоти Сиистон ва Балуҷистони Эрон хабар додаанд, ки марзи Эрон ва Афғонистон дар минтақаи Сиистон ба хотири даргириҳои шадид миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон* дар шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯз, ҳаммарз бо устони Сиистон ва Балучистони Эрон баста шудааст, иттилоъ додааст ИРНА.
Муҳаммадҳодии Маръаши, муовини амниятии интизомии устондори Сиистон ва Балучистони Эрон қайд кардааст, ки шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзи Афғонистон шаби гузашта дар марҳалаи суқут қарор дошт.
Вай таъкид доштааст, ки тақрибан бахши умдаи он тавассути Толибон* тасарруф шуд, ки бо расидани нерӯҳои кумакӣ, афроди гурӯҳи Толибон* ақибнишинӣ карданд.
Фаришта Хусайни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Фаришта ба Душанбе гурехту аз ваҳшониятҳо гуфт: таҷовузу марги духтари 15-сола аз Бадахшон
Муовини амниятии интизомии устондори Сиистон ва Балучистони Эрон ҳамзамон илова кардааст, ки барои ҳифзи манофеи миллӣ нерӯҳои артиш, марзбонӣ ва интизомии устон комилан дар марзу пули Абрешим мустақар шудаанд ва ба ҳар вазъи омода мебошанд.
Муҳаммадҳодии Маръаши илова кард, ки 270 мошинҳои боркаши эронӣ, ки дар Афғонистон буданд ва иттилооти онҳо аз тариқи созмони роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии устон дода шуда буд, ба кишвар бозгардонида шуданд.
Чанд лаҳза пеш расонаҳои Афғонистон аз суқути шаҳри Заранҷ хаӣар доданд. Тибқи иттилои манбаъҳо назорати ин шаҳр комилан ба дасти Толибон уфтодааст.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Полиция у ворот университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Дар Кобул собиқ сухангӯи расиҷумҳури Афғонистон кушта шуд
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала