Муҳаммад Боқир Қолибоф аз оғози фасли нав дар муносиботи Эрону Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба парламента РТГлава Парламента Таджикистана в Тегеране встретился с председателем парламента Ирана Мухаммад Бокир Колибаф
Глава Парламента Таджикистана в Тегеране встретился с председателем парламента Ирана Мухаммад Бокир Колибаф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими равобит бо Эрон баён дошта, дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олиро муҳим хондааст.
Ба иттилои котиботи парлумони Тоҷикистон, феълан бо Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.
Зокирзода таъкид намудаст, ки барои тақвият додани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳанӯз имконияту иқтидорҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ мавҷуданд.
Спикер нижней палаты Парламента Таджикистана Махмадтоир Зокирзода и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Раисӣ: равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар аст
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо ҳамкориҳо бо Эрон дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намояд, омадааст дар иттилоия.
“Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем”, - омадааст дар иттилоия.
Дар навбати худ Муҳаммад Боқир Қолибоф сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Эрон оғози фасли нав дар муносибатҳои ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дӯстии муштарак гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала