Намояндаи нави доимии Тоҷикистон дар СММ аз таъмини ваксина ва CASA-1000 гуфт

© Министерство иностранных дел Республики ТаджикистанПостоянный представитель Таджикистана при ООН Джонибек Хикмат встретился с Куртенэ Рэттрей
Постоянный представитель Таджикистана при ООН Джонибек Хикмат встретился с Куртенэ Рэттрей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии навтаъйини Тоҷикистон дар СММ бо намояндаи олии ин созмон оид ба гуруҳи кишварҳои кам тараққикарда ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ, Куртеней Раттрей, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Ҷонибек Ҳикмат дар мулоқот бо Куртеней Раттрей дар мавриди барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19 табодули андеша намудаст.
Дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ - CASA-1000 аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот арзёбӣ шуданд.
Ҳамчунин ҳамкориро ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуданд, омадааст дар иттилоияи ВУХ Тоҷикистон.
Выступление Постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании Совета Безопасности ООН по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Барканории Маҳмадамин Бозичаевич: ҷавони донандаи 5 забон ҷойгузинаш шуд - акс
Ҳикмат Ҷонибек Исмоил моҳи июли соли равон ба ҳайси намояндаи нави доимии Тоҷикистон эътимодномаи худро бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш супорида буд.
Ҷонибек Ҳикмат соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав дар Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала