Огаҳӣ ба меҳмонону соҳибмулкони истироҳатгоҳҳои Суғд: назорати коронаиро пурзур намоед

© Sputnik / Стас ЭтвешБаза отдыха в Гулистоне, архивное фото
База отдыха в Гулистоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Мақомоти Суғд барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мавзеъҳои истироҳатӣ шаҳри Гулистон як аксия таблиғотӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ахиран эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии вируси корона дар вилоят, дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ кормандони бахши Раёсати КҲФ вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ ва меҳмонон дар ин мавзеъҳо истироҳат мекунанд, аксия гузаронида, ба сокинон маводи иттилоотӣ тақсим карданд.
Манбаъ илова кардааст, ки ба соҳибмулкони истироҳатгоҳҳо расонида шуд, ки барои пешгирии интиқоли беморӣ дар ҷойҳои корӣ назоратро пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии шаҳрвандон дар истироҳатгоҳҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала