Раисӣ: равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар аст

© Пресс-служба парламента РТСпикер нижней палаты Парламента Таджикистана Махмадтоир Зокирзода и президент Ирана Ибрахим Раиси
Спикер нижней палаты Парламента Таджикистана Махмадтоир Зокирзода и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳо миёни Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба унвони се кишвари форсизабонро дорои аҳаммияти фаровон унвон кард
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Саидиброҳими Раисӣ раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар дидор бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, асоси равобити ду кишварро ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ донист ва бар густариши равобити ду кишвар таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар бо якдигар аст ва бояд бо эътимод ба наздикиҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, барои рушди сатҳи ин равобит қадамҳои ҷиддие гузошт.
Новоизбранный президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Зокирзода салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисӣ расонд
Саидиброҳими Раисӣ тавсеаи равобити Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба унвони се кишвари форсизабонро дорои аҳаммияти фаровон унвон кард.
“Ноамниҳои имрӯзи Афғонистон, ки реша дар дахолатҳои бегонагон дар ин кишвар дорад, ба нафъи ҳечкас нест ва Эрону Тоҷикистон бояд барои рафъи ин нигаронии муштарак дар арсаи дуҷониба ва байналмилалӣ ҳамкориҳои наздиктаре бо якдигар дошта бошанд”.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҷаноби Зокирзода дар навбати хуб ба раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тоҷикистонро расонд.
Зокирзода зимни дидор қайд кард, ки пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ ду кишварро водор месозанд, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар рушду густариш диҳем.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала