Сайри президентҳо дар киштию автобусҳои боҳашамат дар Баҳри Хазар ва соҳили он - видео

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон навори сайри президентҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар соҳил ва Баҳри Хазар нашр намудааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо роҳбари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сайругашти президентҳо дар фазои ғайрирасмӣ дар ҳошияи мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Президентҳо бо имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид кардаанд.
Манбаъ зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо сафари давлатӣ қарор дошта, дар ҳошияи ин сафар ва мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ барои рушду густариши муносибатҳои кишварҳои минтақа заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала