Шарҳи ҳодисаи нохуш бо гуруҳи куҳнавардони рус дар Помир: Маслов бедарак, дигарон дар Ванҷ

CC0 / Pxhere / Альпинисты в горах
Альпинисты в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Гуруҳи куҳнавардони русиягӣ, ки як узвашон дар куҳҳои Помир бедарак шудааст, феълан дар ноҳияи Ванҷ қарор дошта, азми сафари Душанбе доранд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бошгоҳи куҳнавардии МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дод.
Бар асоси иттилоияи бошгоҳ, ин куҳбароии дараҷаи мураккаб буда, зимни он як узви гуруҳ, Саша Маслов сарозер шудааст.

“Рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд. Онҳо феълан дар ноҳияи Ванҷ буда, парвоз ба Душанберо интизоранд”, - омадааст дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.
Дар паёме, ки ин гуруҳ аз ҷараёни куҳнавардияшон фиристодаанд, изҳор доштаанд, ки барф зиёд асту рӯзона мулоим мешавад ва онҳо аз соати 3 – и шаб то 10-и субҳ ҳаракат мекунанд.
Вертолет Ми-8АМТШ-ВН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Хушшонс буд: видоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо халабони чархболе, ки дар ВМКБ суқут кард
Бар асоси сомонаи бошгоҳи куҳнавардии МГУ, Александр Маслов дар чандин куҳбароӣ иштирок дошта, таҷрибаи куҳнавардӣ дар баландиҳои беш аз 5500 метрро доштааст.
Феълан дар мавриди тақдири Маслов чизе маълум нест.
Қаблан чархбол бо наҷотдиҳандагон дар ноҳияи Ванҷ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Поймазор суқут кард, ки бар асоси иттилоияи пешакӣ халабон ба ҳалокат расида, чор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала