Суҳбати яке аз саворони чархболи суқуткарда дар Помир: ҷустуҷӯи Маслов идома дорад

© © Sputnik / Лидия ИсамоваПредседатель Совета по развитию туризма при Комитете по развитию туризма при правительстве Таджикистана Давлат Хабибов
Председатель Совета по развитию туризма при Комитете по развитию туризма при правительстве Таджикистана Давлат Хабибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон ва яке аз сарнишинҳои чархболи ахиран суқуткарда дар Помир бархе тафсилоти қазияро гуфт
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шаш куҳнаварди русиягӣ, ки гуруҳашон дар куҳҳои Помир дучори нохушӣ гардид, ба воситаи чархбол аз Ванҷ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд, иттилоъ дод РИА Новости аз қавли Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Манбаъ навиштааст, ки худи Ҳабибов низ дар саҳни чархболи суқуткарда қарор дошта, ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.
“Мо худамон қариб ду рӯз аз макони суқути чархбол поин омадем. Ҳамроҳамон шаш куҳнаварди русиягӣ буданд, ки ба ҷустуҷӯи онҳо 4 август парвоз карда будем. Ҷароҳатҳо вазнин набуданд”, - изҳор доштааст Ҳабибов.
Таъкид шудааст, ки гуруҳи шашнафарии куҳнавардони русиягӣ бо чархбол ба Душанбе интиқол дода шуда, ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшуда Александр Маслов идома дорад.
Альпинисты в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Шарҳи ҳодисаи нохуш бо гуруҳи куҳнавардони рус дар Помир: Маслов бедарак, дигарон дар Ванҷ
Қаблан РИА Новости аз қавли сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Александр Маслов ҳангоми куҳнавардӣ дар Помир бедарак шудааст. Субҳи чоруми август чархболе, ки ба кумаки куҳнавардон фиристода шуд, баъди партофтани таҷҳизоти зарурӣ ба куҳнавардон, баногоҳ суқут кардааст, хабар дод манбаъ. Чор сарнишини чархбол ҷароҳатҳои гуногун бардошта, халабони он Сергей Тютин ба ҳалокат расидаст.
Бошгоҳи куҳнавардии МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дода, гуфт, ҳодиса рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ рух додааст.
“Тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд”, - омадааст дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.
Феълан мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала