Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳоро якбора афзоиш дод

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Дар нимсолаи аввали соли 2021 фурӯш 77 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 6 август - Спутник. Тоҷикистон фурӯши металлҳои қиматбаҳоро дар хориҷа нисбат ба иоҳҳои январ-июни соли 2020 2,3 маротиба афзоиш додааст.
"Тибқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, маблағи аз фурӯши металлҳои қиматбаҳо гирифташуда тақрибан 709 миллион доллар ё қариб 77 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод," - омадааст дар омори Вазорати молияи кишвар.
Тибқи омор, фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқимматбаҳо нисбат ба молҳои анъанавии содиротии Тоҷикистон бартарӣ дорад.
Ҳамин тариқ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо назар ба содироти маҳсулоти маъданӣ, инчунин нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо, нассоҷӣ, аз ҷумла нахи пахта хеле зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 номгӯи молро содир мекунад.
Глава Нацбанка Таджикистана Хоким Холикзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
Аммо, дар солҳои охир маҳз содироти металлҳои қиматбаҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо 254,9 миллион доллар ё 8,2 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии кишварро ташкил дод.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар кишвар 18 ширкати истихроҷи тилло фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала