Тоқаев хостори таҳияи шабакаи ягонаи гардиши мол миёни кишварҳои ОМ шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба раҳбарони Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки барои таъсиси шабакаи ягонаи гардиши мол саъйро кунанд.
ДУШАНБЕ, 6 август - Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тиҷорати худро бо якдигар тақвият диҳанд, гуфт президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон.
Илова бар ин, Тоқаев даъват кард, ки номгӯи молҳои пешниҳодшавандаро васеъ кунанд.
Тибқи ҳисобҳои ӯ, Қазоқистон метавонад интиқоли содирот ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро то як миллиард доллар афзоиш диҳад.
"Ман мутмаинам, ки дигар давлатҳои минтақа низ чунин захираҳоро доранд. Мо пешниҳод мекунем, ки саъю кӯшишро барои таъсиси шабакаи ягонаи тақсимоти мол ба долонҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ муттаҳид кунем", - гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.
Ба андешаи ӯ, инфрасохтори нав бо марказҳои яклухтфурӯшӣ ва агрологӣ имкон медиҳад, ки ба майдонҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ИДМ ва кишварҳои сеюм ворид шаванд.
"Он инчунин ба мо имкон медиҳад, ки бозорҳои худро дар мавсими бо маҳсулоти кишоварзӣ пур кунем", - таъкид кард Тоқаев.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Аз тиҷорату логистика то мушкили рақами яки минтақа: натоиҷи мулоқоти Раҳмону Тоқаев
Раҳбари Қазоқистон инчунин қайд кард, ки ҷаҳон ҳоло бинобар пандемия аз коронавирус ва шиддат ёфтани вазъи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон давраи душвореро аз сар мегузаронад.
Ба гуфтаи Тоқаев, ин мушкилот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тақозо мекунад, ки барои таъмини рушди устувори минтақа иқдомҳои муштарак андешанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала