Ваъдаи маршал Дӯстум ба Абдуллоҳ: дар ин рӯзҳои ҳассос дар канори мардум хоҳам буд

© Facebook / Enayatullah Babur FarahmandМаршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла
Маршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Роҳбари ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон бо раис шӯрои мусолиҳаи миллӣ дидор намуд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кобул, дидору гуфтугӯи маршал Абдулрашид Дӯстум, раҳбар ва бунёдгузори Ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, бо доктор Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон баргузор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин дидор, дар бораи вазъи феълии амниятии Афғонистон, раванди гуфтугӯҳои сулҳ ва музокира табодули назар сурат гирифт ва бар басиҷи мардумӣ алайҳи душману ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ низ таъкид шуд.
© Facebook / Enayatullah Babur FarahmandМаршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла
Маршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Маршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла
Ҳамчунин дар ин дидор таъкид шуд, ки пас бар идомаи иқдомоти қаблӣ тасмимҳои амалии дигар барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои душманони халқи Афғонистон ба зуди гирифта хоҳанд шуд.
Дар ин мулоқот, оқои Дӯстум бо ишора ба зарурати дастгирии ҷиддии мардум ва сиёсатмадорони афғон аз нерӯҳои дифоъ ва амнияти кишвар гуфт: "Дар ин шароити ҳассос ман бо ҳама имконот дар канори мардум ва нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон қарор дорам ва аз мардуми Афғонистон дифоъ хоҳам кард.
Маршал Абдурашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маршал Дӯстум аз Ӯзбекистон вориди Афғонистон шуд
Аввалин ва ягона маршали Афғонистон дар мулоқот бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт: "Мо ҷонибдори сулҳ ва ҳалли мушкилоти Афғонистон бо роҳи гуфтушунид ҳастем ва аз ин рӯ, дари гуфтугӯ ва муколамаро боз гузоштаем, агар Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия) ба ин даъват посух надиҳанд, мо аз мардум ва ҷуғрофиёии худ дифоъ мекунем ва таҷовузкоронро барои кирдорашон ҷазо хоҳем дод.
Ёдрас мешавем, ки маршал Дӯстум пас аз табобат аз Туркия тавассути бандари Ҳайратон дирӯз ба Мазори Шариф расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала