Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

ВУХ Русия: Толибон* дар Афғонистон фаъолияти худро ба таври назаррас афзоиш доданд

© REUTERS / OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, дар ҷараёни як амалиёти густурдаи тобистона Толибон* 80 то 100 музофоти Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 6 август - Спутник. Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии Толибон* фаъолияташонро дар Афғонистон ба таври намоён афзоиш доданд, гуфт Александр Бикантов, муовини мудири департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Вазъ дар Афғонистон таназзул меёбад. Ин пеш аз ҳама ба қарори Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар бораи ба таъхир андохтани хуруҷи пурраи нирӯҳо аз Афғонистон вобаста аст", - гуфт ӯ зимни брифинге.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия қайд кард, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон* тоб наоварда истодаанд. Дар як ҳамлаи миқёси тобистона, радикалҳо аз 80 то 100 музофоти навро таҳти назорат гирифтанд.
"Ҳодисаҳои ба таври оммавӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Хезишҳои халқӣ, ки дар минтақаҳо ташкил карда мешаванд, низ бо самаранокии худ фарқ намекунанд", - гуфт Бикантов.
Ҳамзамон, ӯ таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки Толибон* тадриҷан суст мешаванд.
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Низомиёни Афғонистон оммавӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор мекунанд
"Толибон* барои забт ва нигоҳ доштани шаҳрҳои калон, аз ҷумла пойтахти кишвар Кобул, захира надоранд. <...> Нерӯҳои ҳукуматӣ тавонистанд назорати қаблан аз дастрафтаи шаҳристонҳоро дубора барқарор кунанд", - гуфт дипломат.
Дар Афғонистон бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни Толибон* идома дорад. Ифротгароён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ҷумҳурӣ аз нав бархостанд. Бахусус ҷангҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон* ва Эрон ҷараён доштанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала