Борону раъду барқ: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 7 август

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на Дворец президента в Душанбе
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар қисме аз Тоҷикистон борону раъду барқро пешгӯӣ мекунанд, аммо дар бахше аз кишвар гармои тоқатфарсоро
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0