Даргузашти Хайём Худойдодов, бонкдори шинохтаи тоҷик: 39 сол дошт

© Facebook/Субхон АъзамзодХайём Худойдодов, яке аз мутахассисони соҳаи бонкдорӣ дар Тоҷикистон
Хайём Худойдодов, яке аз мутахассисони соҳаи бонкдорӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Хайём Худойдодов, бонкдори шинохтаи тоҷик, ки дар мақомҳои роҳбарӣ дар чанд ташкилоти молиявии Тоҷикистон кор кардааст, 6 август даргузашт
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Хайём Худойдодов, бонкдори шинохтаи тоҷик, ки дар мақомҳои роҳбарӣ "Эсхата", "Тоҷпромбонк" ва "Оксус" фаъолият дошт, дар 39-солагӣ даргузашт.
Дар мавриди иллати марги Хайём, ки писари адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, Аъзамҷон Худойдодов мебошад, иттилое ироа нашудааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Худойдодов, ки бояд 13-уми декабри соли равон 40-сола мешуд, аллакай дар мақомҳои роҳбарӣ дар чанд созмони молиявӣ кор карда, даҳҳо шогирд тарбия намудаст.
Раҳимҷон Ҳошимов - асабшиноси шинохтаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Даргузашти ҳоҷӣ ва асабшиноси шинохта Раҳимҷон Ҳошимов
Тавре Субҳон Аъзамзода, яке аз наздикони хонавода дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, Хайём Худойдодов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ буда, муддате дар Русия фаъолият доштааст ва баъдан ба Ватан баргашта ба кор дар ташкилотҳои қарзӣ оғоз кардааст. Ӯ дар мақомҳои роҳбарӣ дар “Тоҷикпромбонк” ва “Эсхата” фаъолият доштааст.
Солҳои охир дар мақоми мушовири калони ташкилоти хориҷии Микро Капитал Консалтинг ва муовини директори генералии Ташкилоти қарзии “Оксус”-и Тоҷикистон кор кардааст. Ташкилоти “Оксус” низ бо нашри як иттилоия даргузашти Хайём Худойдодовро талафоти бузург хондааст.
Ба гуфтаи ҳамкорон, Худойдодов бо вуҷуди синни ҷавон доштанаш шогирдони зиёде тарбия намуд, ки феълан дар бахши бонкӣ фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0