Эълони омори нави гирифторӣ, ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе на барахолке
Жители Душанбе на барахолке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 73 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 88 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 122 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 август дар кишвар 15513 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15036 нафар (96,9%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтидаанд.
Заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения  Республики Таджикистан Зульфия Абдусамадзода посетила городской медицинский центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ гуфт, шароити табобати COVID дар Душанбе хуб аст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала