Қатли волии номниҳоди Толибон* аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон

© AFP 2021 / ZAKERIA HASHIMIПодразделения коммандос Афганской национальной армии
Подразделения коммандос Афганской национальной армии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Бар асоси охирин хабарҳо эҳтимол аст, Шибирғон суқут кунад
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Низомиёни Афғонистон волии номниҳоди Толибон* барои як минтақаро аз байн бурданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба муовини сардори маркази матбуоти Вазорати дифои Афғонистон Фавад Аман хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ҳукуматӣ шаби гузашта ҳамлаи ҷангҷӯён ба шаҳрҳои Файзобод ва Талуканро дафъ карданд.

"Дар ҷараёни даргириҳо дар канори Талукан, низомиён волии сояи Толибонро" дар ноҳияи Дашти Арчӣ куштанд. Якҷоя бо ӯ 11 террорист аз байн бурда шуд", - омадааст дар изҳорот.

Вай афзуд, ки дар амалиёти ҷавобӣ дар канори шаҳрҳо даҳҳо террорист кушта ва захмӣ шуданд.
Вазорати дифои Афғонистон дар як баёния гуфтааст, ки дар як рӯз артиши Афғонистон дар давоми як рӯзи охир 385 ҷангҷӯи Толибонро* нест кардааст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар 14 вилоят, аз ҷумла Қандаҳор, Ҳирот ва Ҳилманд амалиёт анҷом доданд.
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Толибон* хонаи маршал Дӯстумро оташ заданд
Артиши Афғонистон назорат бар маркази вилояти Ҷузҷони шимоли Афғонистонро ба даст гирифт. Пеш аз ин ҷангҷӯён хонаи маршал ва собиқ ноиби президенти ин кишвар Абдулрашид Дӯстумро оташ заданд.
Дар ҳамин ҳол, ҷангҷӯёни Толибон* дар Кобул раҳбари маркази иттилоотии ҳукумати Афғонистон Давахан Минапалро куштанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала