Кӯҳнавардони рус, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот ёфтанд, таҳти назорати табибонанд

CC0 / Pxhere / Альпинисты в горах
Альпинисты в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Ҷустуҷӯи яке аз сайёҳони нопадидшуда аз ин гурӯҳ то ҳол дар кӯҳҳои Помир идома дорад.
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар кӯҳҳои Помир 6 сайёҳи рус ва ҳайати як чархболи сарҳадбонони тоҷик таҳти назорати табибон қарор доранд.

"Шашуми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд", - афзудааст манбаъ.

Ҳоло ҳамаи наҷотёфтагон таҳти назорати табибон қарор доранд.
Кумита ҳамчунин гуфт, ки 4 августи соли равон як чархболи МИ-8 қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд.
" Тахминан соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст", - гуфта мешавад, дар иттилоияи КҲФ.
Альпинисты катаются на лыжах на Монблане, Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки "халабон Сергей Тютин вафот кард, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд".
Пештар гуфта мешуд, ки вақте як гурӯҳи кӯҳнавардони рус ба болои Сент – Экзюпарӣ баромаданд, яке аз онҳо Александр Маслов аз қулла афтод.
Дар бораи тақдири ӯ ҳоло ягон маълумоте нест. Аммо маълум аст, ки кӯҳнавардон то 4 август дар ҷустуҷӯи дӯст будаанд.
Лентаи хабарҳо
0