Талош барои мондан дар қудрат: пешбарии дигарбораи Мирзиёев ба мақоми президентӣ

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 24 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Маъракаи омодагӣ аз 23 июл дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи октябр дар интихоботи президентӣ аз Ҳизби либерал -демократӣ (УзЛиДеП) иштирок мекунад.
Дар ин бора дар ҷаласаи шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи шанбе маълум шуд, хабар медиҳад портали Gazeta.uz.
Дар ҳамин ҳол, номзадӣ бояд дар анҷумани ҳизб дар охири ҳамин моҳ тасдиқ шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи соли 2016 низ Шавкат Мирзиёев аз ҷониби УзЛиДеП пешбарӣ шуда буд. Ӯ дар ҷаласаи кунунии шӯрои сиёсии ҳизб ҳузур надошт.
Лидер партии Миллий тикланиш Алишер Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Ҳарифи сеюми Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон дақиқ шуд: 46 - cола, забондон
Ҳамин тариқ, номи ҳамаи панҷ номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон маълум шуд.
Қаблан номзадҳоро чаҳор ҳизби дигари сабтиномшудаи кишвар - Ҳизби "Экологӣ", Ҳизби Сотсиал Демократии "Адолат", Ҳизби Демократии "Милли Тикланиш" ва Ҳизби Халқии Демократӣ номбар пешбарӣ карда буданд.
Бар асоси Кодекси интихоботи Ӯзбекистон, танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии Ӯзбекистон 24 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, маъракаи омодабошӣ бошад, аз 23 июл оғоз ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала