Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои ҳалли вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента КыргызстанаСаммит глав стран Центральной Азии в Туркменистане
Саммит глав стран Центральной Азии в Туркменистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Пас аз нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон изҳороти муштарак оид ба Афғонистон қабул шуд
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Раисони ҷумҳури Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як нишасти машваратӣ дар Туркманбошӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
"Ҳалли зудтари вазъ дар Афғонистон яке аз муҳимтарин омилҳои нигоҳдорӣ ва таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказист", - омадааст дар изҳороти муштарак.
Ин муқаррарот дар банди алоҳидаи ҳуҷҷат, ки дар натиҷаи мулоқоти раҳбарон дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон баргузор шуд, сабт шудааст.
Тибқи ин баёния, раисони ҷумҳури панҷ кишвар омодаанд, ки барои расидан ба сулҳ ва ҳамоҳангии шаҳрвандӣ дар ҷомеаи Афғонистон ҳама гуна кӯмакро расонанд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз талошҳои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки барои таъмини амният ва субот дар Афғонистон, барқарорсозии зерсохтори иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ва ҷалби он дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ саъй доранд, дастгирӣ мекунанд.
Президентҳои Осиёи Марказӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо
Дар изҳорот нияти ҷонибҳо барои омӯзиши масъалаи таъсиси муколама оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст. Дар ин платформаи машваратии доимӣ мавзӯъҳои кунунии рушди минтақа мунтазам баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 август бо як сафари давлатӣ вориди Туркманистон шуд. Дар чаҳорчӯби мулоқоти дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили амниятиро баррасӣ кард.
Тарафҳо қайд карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар самти Афғонистон дар заминаи талошҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, барқарорсозии иқтисод ва соҳаи иҷтимоии он манфиати зиёд хоҳад овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала