Манобеъ: Эмомалӣ Раҳмон 30 ҳазор нафарро афв мекунад

© SputnikАмнистия заключенных в Согдийской области
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Нашрияи “СССР” бо такя ба манобеяш аз афви бузург бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тасмим шудааст, ки чун рақами рамзӣ, 30 ҳазор зиндонӣ озод ва ё ба парвандаашон дахолат шавад, хабар додааст нашрияи “СССР” бо такя ба иттилои дарёфтааш.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аввалиҳо комилан ба озодӣ мебароянду аз парвандаи дуввумиҳо чандсолӣ кӯтоҳ мегардад. Нашрия афви ояндаро “алмосӣ” арзёбӣ кардаст.
Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъсиси гуруҳи корӣ барои таҳияи қонуни афв, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро рад карда буд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки пешниҳоди қонуни афв ба парлумон ҳуқуқи танҳо президенти Тоҷикистон мебошад. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, дар ин бора ягон санади расмӣ мавриди таҳия қарор надорад.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон низ ахиран аз таҳияи қонуни афв ба муносибати 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ кард.
“Мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”, - таъкид кард Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли равон.
Бори охир қонуни афв соли 2019 қабул гардид, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала