Маршал Дӯстум ба Ғанӣ гуфт ба ӯ эътимод кунад: пешниҳоди эълони вазъияти низомӣ

© Котиботи АргМулоқоти Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон бо Маршал Абдулрашид Дӯстум
Мулоқоти Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон бо Маршал Абдулрашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Дар пайи ҷангҳои шадиди чанд рӯзи ахир дар минтақаҳои Шибирғону Ҷузҷони Афғонистон Маршал Абдурашид Дӯстум аз президент Ғанӣ дархотси кумак кардаву хостори эълони вазъияти низомӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон бо Маршал Абдулрашид Дӯстум, муовини собиқи президент, вазъи умумии амнияти кишвар, бахусус вазъи амният дар вилоятҳои шимолро баррасӣ кард.
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон, бо истинод ба дафтари матбуоти Арг, Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ, рӯзи шанбе (7 август) бо президент Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кардааст.
Маршал Дустум встретился с Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Ваъдаи маршал Дӯстум ба Абдуллоҳ: дар ин рӯзҳои ҳассос дар канори мардум хоҳам буд
Дар ин нишаст вазъи умумии амнияти кишвар, бахусус вазъи амнияти вилоятҳои шимолӣ баррасӣ шудааст.
Маршал Дӯстум гуфтааст, ки мо дар канори нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон ҳастем ва аз мардуми худ ва сарзамини худ дифоъ мекунем.
"Вақти он расидааст, ки бо нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ барои беҳбуди вазъи амниятӣ дар кишвар ва дифоъ аз арзишҳо ва муқобили душман истодагӣ кунем", - гуфтааст, Дӯстум.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Ҳашт Субҳ" дар гузорише, ба нақл аз Эҳсан Нироу, сухангӯи ҳизби Ҷунбиш навиштааст, ки дар ҷараёни мулоқот Дӯстум пешниҳод кардааст, ки дар яке аз воҳидҳои фармондеҳӣ бо ҳузури раҳбарони сиёсӣ як ҷаласаи бузург баргузор шавад ва дар он вазъи низомии кишвар эълон шавад.
Эълони ҳолати ҳарбӣ дар кишвар як қисми нақшаи амнияти Дӯстум аст, ки ба гуфтаи Ниро, аз ҷониби президент Ғанӣ рад нашудааст.
Ба навиштаи нашрия, нақша метавонад дар ду рӯзи оянда расман иҷро шавад.
Бино ба гузориши "Ҳашти субҳ", маршал Дӯстум бо дарназардошти вазъи амниятӣ дар Шибирғон ба президент пешниҳод кардааст, ки ба Ҷузҷон 500 нерӯи вижа фиристад, ки онро президент Ғанӣ пазируфт.
Маршал Абдурашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маршал Дӯстум аз Ӯзбекистон вориди Афғонистон шуд
Сухангӯи ҳизби Ҷунбиш ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи нақшаҳо ва пешниҳодҳои Маршалл Дӯстум аз ҷониби президент Ғанӣ пазируфта шудаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи ҳизби Ҷунбиш, Маршалл Дӯстум дар ниҳоят ба президент Ғанӣ гуфтааст, ки ба ӯ "эътимод" кунад, зеро ӯ як ватандӯст аст.
То ҳол қасри президент дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷангҳои шадид дар зодгоҳи Дӯстум минтақаи Шибирғон идома дорад ва тибқи хабарҳои охирин Толибон (ҳаракати террористии дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) маркази вилояти Ҷузҷонро тасарруф кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала