Аскар Акаев Қирғизистонро тарк кард: дар ду ҳолат метавонад баргардад

Аскар Акаев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Собиқ президенти Қирғизистон бо ҳамроҳии писари худ Қирғизистонро тарк кард ва озими Маскав шуд. Акаев метавонад дар ду ҳолат боз ба Қирғизистон баргардад
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Аскар Акаев, ки чанд рӯз боз дар Қирғизистон қарор дошт ва аз ҷониби КДАМ бозпурсӣ мешуд, рӯзи 8 август ҳамроҳ бо фарзандаш ба Маскав баргашт.
Шарики ӯ Бекболот Талгарбеков ба Sputnik хабари рафтани Акаевро аз Қирғизистон таъйид кард.

"Вай ҳамроҳи писараш Илим соати 16:30 ба Маскав парвоз кард. Ҳангоми дар Қирғизистон буданаш Акаев ба ҳамаи саволҳои тафтишот посухҳои ҳамаҷониба дод. Ҳоло роҳ барои Акаев комилан ба Қирғизистон боз аст ва агар дилаш хост ба ватан баргардад, ӯ чунин имконият дорад", - тавзеҳ дод Талгарбеков.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки агар саволе дар робита ба қазияи "Кумтор" пайдо шуд, Акаев боз даъват хоҳад шуд.
Аскар Акаев дар авоили моҳи август вориди Бишкек шуд. Вай 16 сол боз берун аз кишвар буд. Ҳангоми будубош дар Ҷумҳурии Қирғизистон Акаев бо Содир Ҷабборов мулоқот кард, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ шуд, аз ватани хурди худ - ноҳияи Кемин ва инчунин вилояти Талас боздид кард.
Бывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Узрхоҳии Аскав Акаев аз мардуми Қирғизистон барои "Кумтор": ӯ гуфт, гунаҳкор кист - видео
Додситонии кулл хабар дод, ки Акаев дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ оид ба фасод дар рушди кони "Кумтор" бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Як рӯз пеш Акаев паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он аз мардуми Қирғизистон барои хатогиҳо ҳангоми амалисозии лоиҳаи "Кумтор" бахшиш пурсид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала