ИМА қаҳрамони Олимпиадаи Токио - 2020 шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксОлимпиада-2020. Легкая атлетика. Седьмой день
Олимпиада-2020. Легкая атлетика. Седьмой день - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Амрико дар Олимпиадаи Токио -2020 аз рӯи шумораи бештарини медалҳо ғолиб шуд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ба туфайли пирӯзии тими занонаи волейболи Амрико тими миллии ИМА дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 пирӯзиро аз рӯи шумораи бештарини медалҳо барои худ кафолат дод.
Ин аввалин ғалабаи ИМА дар мусобиқаи волейболи занон аст.
Тими миллии ИМА 39 медали тилло, 40 нуқра ва 33 биринҷӣ ба даст овардааст. Ин пирӯзии сеюми ИМА дар Бозиҳои олимпӣ мебошад. Дар Бозиҳои 2016 дар Рио -де -Жанейро даста 46 медали тилло, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ҷойҳои дуввум, севум ва чаҳорумро аз рӯи шумораи медалҳо Чин, Ҷопон ва Бритониё ишғол кардаанд.
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Зебинисо Рустамова шарҳ дод, ки чаро олимпиадачиёни тоҷик дар Токио ноком шуданд
Русия дар сатри панҷуми ҷадвал қарор гирифт. Варзишкорони Русия 20 медали тилло, 27 нуқра ва 23 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳамзамон, кишвар имкони пеш гузаштан аз Бритониёи Кабирро аз даст дод, зеро аъзои Кумитаи олимпии Русия дар мусобиқаи гандболи занона танҳо барои медали тилло талош доранд.
Даври ниҳоии ин сабқат феълан ҷараён дорад.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо варзишгарони рус - 71, ИМА (112) ва Чин (88) медал ба даст оварданд.
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Тоҷикистон дар Олимпиадаи Токио бе медал монд
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистонро дар олимпиадаи Токио - 2020 11 варзишкор намояндагӣ карданд. Муттаассифона дастаи олимпии Тоҷикистон аз Токио бе медал баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23 июл то 8 август баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала