Ҷабборов вазири фарҳангро дар рӯи саҳна танбеҳ дод - видео

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Обуна шудан
Вазири фарҳанг модератори маросими пешвозгирии мунтахаби олимпии Қирғизиятон буд. Ҷабборов аз амали вазир, ки на ба ҳамаи варзишкорон сухан дод ба ғазаб омад
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳузури омма ба вазири фарҳанг, сайёҳӣ, иттилоот ва сиёсати ҷавонон Ҳайрат Имоналиев танбеҳ дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ин қазия дар майдони Ала-Тоо, дар маросими пешвозгирии мунтахаби кишвар дар олимпиадаи Токио, ба вуқӯъ пайваст.
Аввал кишвардор суханронӣ карда олимпичиёнро хушомадед гуфт. Баъд барои суханронӣ дорандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ Айсулуу Тинибекооваро даъват карданд. Пасон бори дигар Ҷабборов сухан гуфта ба варзишкорон туҳфаҳо ваъда кард.
Дар ҳамин ҳол ҳаводорон исми дорандаи медали нуқра Акжол Маҳмудовро садо карданд.
Кыргызстанский борец греко-римского стиля Акжол Махмудов завоевал серебряную медаль Олимпийских игр в Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Нахустин медали Қирғизистон дар олимпиадаи Токио
Вазир модератори ин чорабинӣ буд ва суханро ба Акжол дода қайд кард, ки ин корро ба хотири "ҳаводораш кард". Дар ҳамин ҳол кишвардор аз он, ки ба дигар ширкаткунандагони олимпиада аз ҷумла ба дорандаи медали биринҷӣ Мээрим Ҷуманазарова сухан надоданд ба ғазаб омада бори дигар назди баландгӯяк омад.

"Ташкилкунандагон камбудиҳо доранд. На ба ҳама ғолибон сухан дода шуд. Акнун, ҳама сухан гуфтанд. Ман ба вазири фарҳанг танбеҳ медиҳам. Ба ҳама ташаккур, дар оянда мо натиҷаҳои беҳтар ба даст хоҳем овард", - гуфт ӯ.

Қисми расмии чорабинӣ ба охир расид ва ба ифтихори бозгашти тими олимпӣ консерт баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0