Кай сокинони шаҳри Хоруғ пурра бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд?

© Sputnik Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Интизор меравад, ки то соли 2022 сокинони шаҳри Хоруғ пурра бо оби ошомиданӣ таъмин шаванд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ амалисозии марҳилаи дуюми "Лоиҳаи беҳсозии низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон-марҳилаи 2– шаҳри Хоруғ"-ро оғоз намуд.
Интизор меравад, ки бо татбиқи ин тарҳ, 30 ҳазор сокинони шаҳр дар чаҳор фасли сол бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд.
"Сокинони шаҳр дар як шабонарӯз ба 9 ҳазору 400 метри мукааб об ниёз доранд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обгузар ва сарфаҷӯёна истифода накардани оби пок ҳанӯз ҳам ба баъзе аз маҳалҳои шаҳр об мутобиқи реҷа интиқол дода мешавад", - гуфт сардори Корхонаи таъминоти об Зарифхон Зарифхонов дар суҳбат бо АМИТ "Ховар".
Ба гуфти муҳандиси корхонаи мазкур Азизшо Озодамиров, “дар доираи ҳамин лоиҳа қубурҳои асосии оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар хиёбони марказии шаҳр марҳила ба марҳила иваз карда мешаванд.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2018
Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об
Манбаъ таъкид мекунад, ки лоихаи мазкурро Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мекунад ва тадбиқи пурраи он соли 2022 пешбинӣ шудааст.
Мутахассисон мегӯянд, барои барқарорсозии 5 ҳавзи обпарто 762 ҳазор доллар, таҷдиди ду пойгоҳи обкаш 198 ҳазор доллар, харидории таҷҳизоти техникӣ ва мебел 78 ҳазор доллар ҷудо гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала