Месси бо Барселона видоъ гуфту ашк рехт - навор

© Sputnik / Григорий Соколов / Гузариш ба медиабонкНападающий "Барселоны" Лионель Месси
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Обуна шудан
Ситораи футболи ҷаҳон Месси аснои видоъ гуфтан бо Барселона ашк рехт ва гуфт, шояд боз баргардад
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Футболбоз Лионел Месси дар нишасти матбуотӣ аснои хайрбод бо Барселона ашкро нигоҳ дошта натавонист. Маълум шуд, ки Месси 6 август клуби Каталонияро тарк мекунад.
Барселона ва Месси барои бастани шартномаи нав омода буданд, аммо онро бо қоидаҳои иқтисодӣ ва сохтории Ла Лига ҳамоҳанг карда натавонистанд.

"Ман тамоми умр дар ин ҷо будам. Аз синни 13 - солагӣ. Ва ҳоло, пас аз 21 сол ман меравам. Бо занам. Бо се кӯдаки хурди каталонӣ-аргентинӣ. Ман ваъда дода наметавонам, ки мо барнамегардем, зеро ин хонаи ман", - гуфт Месси дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ илова намуд, ки ӯ ва оилааш намехоҳанд то лаҳзаи охирин аз Барселона бираванд. Вай инчунин дар бораи лаҳзаҳои хушбахтии клуб сухан ронда, қайд кард, ки орзуҳояш дар ин тим амалӣ шуданд. Мисси аз соли 2004 ба ин клуб пайваст ва дар ҳамбастагӣ даҳ маротиба қаҳрамони Испания ва ҳафт маротиба Ҷоми Испания ва инчунин чор маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст.
Футбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард
Зимнан, Месси дар бошгоҳи испанӣ чанд рекорд гузошт ва беҳтарин голзани Барселона дониста шуд.
Гуфта мешавад, Месси дар ояндаи наздик дар тими Пари Сен- Жермен бозӣ мекунад ва даромади футболбоз дар як сол 50 миллион евро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0