Сабаби муноқишаи тоҷикону чеченҳо дар Митиши маълум шуд

CC BY 2.0 / Alan Turkus / Scuffle in the Park 2Драка, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Шаҳрванди Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки як зодаи Чеченистонро бо корд маҷрӯҳ намудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сабаби занозании оммавӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистон ихтилоф дар соҳаи тиҷорат буд. Дар ин бора ФАН бо истинод ба як манбаи интизомӣ хабар медиҳад.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд соҳаҳои тиҷорати худро бо зодагони Ҷумҳурии Чеченистон мубодила кунанд ва дар натиҷа тасмим гирифтанд нофаҳмиро бо роҳи нишон додани қувваи бозу ҳал куннад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар муноқишаи ба миёномада ҳудуди 40 нафар иштирок намуданд ва онҳо ҳам аз силоҳи оташфишон ва ҳам силоҳи сардро ба кор бурданд.
Бар асари задухӯрд се шаҳрванди Чеченистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Гуфта мешавад, як нафар аз захми корд шадидан маҷрӯҳ гардидааст.
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар "Кузминки" занозанӣ карданд, депорт мешаванд
Ҳадс зада мешавад, ки зарба аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон расонда шудааст.
Ӯро пулиси вилояти Маскав боздошт карда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Маълум аст, ки ин муҳоҷири 21-сола ғайриқонунӣ дар Русия қарор дорад. Ӯ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала