Хотимаи тиллоӣ: муштзани узбек қаҳрамони олимпӣ шуд

© PixabayБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Муштзани узбек дар вазни беш аз 91 кило қаҳрамони олимпӣ шуд. Токио - 2020 барои Ӯзбекистон бо се нишони тилло ва ду биринҷӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар рақобати ниҳоии Бозиҳои олимпӣ варзишгари ӯзбек Баҳодур Ҷалолов бар рақибаш - муштзани амрикоӣ Ричард Торрес пирӯз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҷалолов рақибашро пахш карда, ба ӯ шонси пирӯзӣ надод: ҳисоб пас аз се давр ба нафъи варзишкори ӯзбек 5: 0 баробар шуд.
Наоми Осака из Японии держит олимпийский факел после зажжения олимпийского котла на церемонии открытия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Бадтарин натиҷаи Қазоқистон дар таърихи Бозиҳои олимпӣ
Ин ғалабаи бесобиқаи тими миллии муштзании Ӯзбекистон аст.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 барои Ӯзбекистон бо се нишони тилло ва ду биринҷӣ ба анҷом расид.
ИМА қаҳрамони Олимпиадаи Токио - 2020 шуд
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистонро дар олимпиадаи Токио - 2020 11 варзишкор намояндагӣ карданд. Муттаассифона дастаи олимпии Тоҷикистон аз Токио бе медал баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23 июл то 8 август шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала