Навори садамаи маргбори автобуси мусофирбар дар Туркия, ки 14 қурбонӣ бар ҷой гузошт

ДТП с автобусами в Хабаровском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Дар ҷойи ҳодиса кормандони пулису наҷотбахшон фаъолият мебаранд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.Телевизиони Haber Canli видеоеро аз маҳалли садама дар ғарби Туркия нашр кард. Ҳодиса дар вилояти Баликесир рух додааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, автобуси муқаррарӣ аз роҳ берун шуда, чаппа шудааст. Дар ҷои садама мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва наҷотдиҳандагон амал мекунанд ва ба осебдидагон кумак мерасонанд.
Бар хабари расонаҳо, дар ин ҳодисаи нохуш дасти кам 14 мусофир ба ҳалокат расида, ҳамзамон 18 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористонҳо интиқол ёфтанд.
Авария с пассажирским автобусом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Садамаи пурқурбонӣ: 14 тан дар паи чаппа шудани автобус дар Туркия ҷон бохтанд
Ин дуввумин садамаи бузург дар Туркия дар рӯзҳои охир аст: 6 август дар як садама дар музофоти Маниса 9 нафар кушта ва 30 нафар маҷрӯҳ шуданд ва ҳафтаи гузашта дар минтақаи Манавгат автобусе, ки сайёҳони русро ба фурудгоҳи Анталия мебурд, чаппа шуд. Се нафар дар ин ҳодиса ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала