Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯз 105 маризи коронавирус ҷон бохтанд

© AFP 2021 / OZAN KOSEДолжностные лица в масках погружают гроб в транспортное средство
Должностные лица в масках погружают гроб в транспортное средство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Дар Қазоқистон ҳоло 111 ҳазор нафар аз бемории коронавирус тадовӣ мегиранд, ки аз ин миён 30 ҳазор нафар дар бемористонҳо қарор доранд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта аз бемории коронавирус дар Қазоқистон дасти кам 105 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Бар хабари манбаъ, дар 24 соати ахир 17 маризи илтиҳоби шуш ҳам ба ҳалокат расиданд.
Зимнан, шабонарӯзи гузашта 7 802 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин, 376 нафар тоза гирифтори илтиҳоби шуш гардиданд.
Заглушка для: Коронавирус в Таджикистане: статистика за июнь и июль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус дар Тоҷикистон - омори моҳи июл
Дар ҳамин ҳол, манбаъ меафзояд, феълан тадовӣ гирифтани 111 239 нафар идома дошта, 30 633 нафар дар дармонгоҳҳо ва 80 606 нафар дар хона таҳти назорату табобати табибон қарор доранд.
Вазорати беҳдошти Қазоқистон вазъияти 405 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунад. Гуфта мешавад, 196 бемор ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки коронавирус то ҳол дар кишвар 10 651 нафарро аз ҳаёт маҳрум намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала