Размикори қирғиз ҳарифи амрикоияшро мағлуб кард - навор

Обуна шудан
Пас аз пирӯз шудан, размикори Қирғизистон блогери маъруфи Хасбиқро ба набард даъват кард
Размикори қирғиз Рафаэл Физиев дар мусобиқаи муқаддамотӣ дар UFC 265 Бобби Грин аз Амрикоро мағлуб кард.
Ин чаҳорумин пирӯзии пайдарпайи размикори 28 - солаи қирғиз мебошад. Дар маҷмӯъ Физиев даҳ пирӯзӣ ва як бохт дорад. Таҳти сарпарастии UFC мубориз бори панҷум баромад кард.
Набарди ӯ се давр давом кард ва бо пирӯзии қирғиз анҷом ёфт. Физиев пас аз задухӯрд гуфт:
"Шумо чеҳраи маро мебинед? Чанд мушт ба рӯям заду аз чанд мушти дигар пешгирӣ кардам. Ин набард бароям осон набуд".
Илова бар ин, ӯ блогнависи доғистонӣ Хасбикро ба набард даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи UFC 265 дар Хюстон баргузор шуд ва муҳорибаи Физиев ва Грин ҷолибтарин ба ҳисоб рафт.
Лентаи хабарҳо
0