Дар Самарқанд як деҳқон дар замини худ бангдона парвариш мекард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксУничтожение дикорастущей конопли в Алтайском крае
Уничтожение дикорастущей конопли в Алтайском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар замин 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои оташдон пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Марде дар Самарқанд бангдона парвариш мекард. Хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2000 бех бути ин ниҳол ёфт шудааст, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Ин ҳодиса дар маҳаллаи "Олмазар" -и ноҳияи Ҷамбойи вилоят рух додааст. Як деҳқони маҳаллӣ тавонистааст растании мамнӯъро шинонад, парвариш намояд ва хушк кунад.
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Афъюн каму бангдона зиёд: Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шуд:
Дар маҷмӯъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саҳро 2160 бех каннабис, дар ҳавлии хона беш аз 500 буттаи хушки бангдона ва тақрибан 100 грамм тухм дар болои оташдон пайдо кардаанд.
Моҳи ноябри соли гузашта Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бо ширкати Малтабаи Melabis дар бораи ҳамкорӣ дар парвариши каннабис бо мақсадҳои тиббӣ меморандум ба имзо расонид.
Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд
Қарор буд, ки барои иҷрои ин тарҳ 33 миллион доллар сармоягузорӣ шавад.
Ҳамин тавр, шояд, деҳқони самарқандӣ ҳадафҳои тиббиро пайгирӣ мекард. Мақсади асосии деҳқонро - кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳанд фаҳмид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала