Заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва партоби бомби атомӣ ба Ҷопон: 9 август дар таърих

День 9 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893 Бонки миллии Италия таъсис дода шуд.
Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.
День 8 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Зодрӯзи Абдумаҷид Воҳидов ва Одилҷон Умурзоқов: 8 август дар таърих
Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи атомӣ партофта шуд.
Соли 1992 дар Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.
Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM "Имрӯз" ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд
Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.
День 7 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Зодрӯзи Муҳиддин Фарҳод: 7 август дар таърих
Соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.
Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.
Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.
Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.
Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала