Дар Душанбе муовини декан барои гирифтани ришва боздошт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Нисбати муовини декани Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ бо моддаи 247 қисми 2 банди "в, г" Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули коллеҷ дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Қурбонов К.Э. муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз як корафтода барои интиқол интиқол додани ӯ аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ожонси зидди фасод дар Суғд боздошти корманди қалбакияшро шарҳ дод: аз сокинон пул гирифт
Манбаъ меафзояд, муовини деканро кормандони оҷонсӣ дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ аз корафтода маблағи дархосткардаашро гирифт.
"Маблағи аз ӯ гирифташуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала