Дуздӣ аз дохили корхона: боздошти анборчии ширкати “Ноқили талко”

© Пресс-служба президента ТатарстанаПроизводство кабеля на фабрике ООО "Нокили Талко"
Производство кабеля на фабрике ООО Нокили Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохала хабар додааст, ки ҷинояткорон ба корхонаи “Ноқили талко” ба маблағи 231 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти се гумонбар барои дуздии корхонаи “Ноқили талко” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ ахиран масъулини корхонаи “Ноқили талко” ба идораи милитсияи ноҳияи Сино шаҳри Душанбе , мактуб равон кардааст.
Дар ин мактуб масъулини корхона шикоят каранд, ки аз моҳи март то моҳи августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
“Зарари расонидашуда 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.
ВКД қайд кардааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 37, 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Душанбе, ки якеашон амборчии корхонаи мазкур мебошад бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Таджикский алюминиевый завод Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Дуздӣ дар ширкати "Талко": ғоратгарон худи кормандони ин корхона буданд
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0