Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҳушдори Толибон* ба Амрико аз дахолат дар умури Афғонистон

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* дар як мусоҳиба, Амрикоро аз авоқиби дахолат дар умури дохилии Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* дар гуфтугӯ бо телевизиони Ал-Ҷазира б Амрико дар мавриди дахолаташ дар умури Афғонистон ҳушдор дод ва гуфт, ин метавонад боиси эҷоди таниш дар вазъият ва афзоиш мушкилот шавад.
Рӯзи шанбе маълум шуд, ки ҳавопаймоҳои бомбафкани амрикоии B-52 Stratofortress дар маркази вилояти Ҷузҷон ба Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъ, дар натиҷаи ин амалиёт беш аз 200 ҷангҷӯи Толибон* кушта ва беш аз 100 мошин, миқдори зиёди аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мунҳадим шуданд.
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон бо баёни ин ки ҳеҷ тавофуқ дар мавриди оташбас дар ин кишвар вуҷуд надора, хотирнишон кард: иқдомоти анҷомшуда тавасути Толибон вокуниш ба ҳамалоти давлат аст.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Дидори маршал Дӯстум бо вазири дифоъ: вазъи шимол ва шимол шарқи Афғонистон баррасӣ шуд
Вай гуфт, ки ҳукумати Афғонистон “эъломи ҷангро интихоб кард” ва далели онро оғози амалиёти низомии давлат алайҳи Толибон* дар дувумин рӯзи Ид Қурбони гузашта элом кард.
Амалиёти Толибон* дар рӯзҳои охир пас аз он суръат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, то охири моҳи август низомии худро аз ин кишвар хориҷ мекунад.
Толибон* тайи моҳҳои охир даҳҳо вилоят ва гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд ва ҳангоми тарки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба пойтахти чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот дар ғарб ва Қандаҳор ҳамла карданд.
* - гурӯҳи террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0