Вазири тоҷик аз имзои 5 созишномаи ҳамкорӣ бо корхонаҳои Туркманистон хабар дод

© Министерство экономики и торговли РТВ Туркменистане прошёл экономический форум Центральной Азии
В Туркменистане прошёл экономический форум Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ миёни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дафтари вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи сайёҳии “Аваза”-и шаҳри Туркманбошии Туркманистон баргузор шуд, корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 созишнома ва як ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Манбаъ хабар додааст, ки тибқии ин санадҳо аз Туркманистон ба Тоҷикистон 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ворид карда мешавад.
Ҳамчунин, аз Тоҷикистон ба Туркманистон содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ва инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар назар аст.
Урожай лука в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2020
Туркманистон аз Тоҷикистон хоҳиши кумак дар таъмини пиёз кард
Вазорати иқтисод қайд кардааст, ки ҳамчунин дар Форум мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳо сурат гирифт.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳиссаи тиҷорати молҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон то 28,3 фоиз зиёд шудааст.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, Тоҷикистон ҳоло якчанд харитаи роҳ доир ба афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0