Ҷасади халабони чархболе, ки дар Ванҷ суқут кард, ҳамоно дар ҷойи ҳодиса дармондаст

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузаштан ба хазинаи аксВертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото
Вертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
КҲФ, КДАМ ва дигар ниҳоду вазоратҳои марбута барои овардани ҷасади халабони дар Ванҷ ҳалокшуда, тажбирҳо меандешанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бо гузашти панҷ рӯза аз садамаи чархбол дар ноҳияи Ванҷ, ҷасади Сергей Тюнин халабони ин чархбол дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Агентии Ховар аз қавли сухангӯи КҲФ менависад, ки ин ниҳоду дигар вазорату идораҳои дахлдор кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ зудтар ҷасади халабони ҳалокшударо ба Душанбе интиқол диҳанд.
Суқути чархболи МИ - 8, ки ба Неруҳои марзбонии Тоҷикистон тааллуқ дорад, рӯзи 4 август дар ҳудуди пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир мебошад, иттифоқ афтод.
Дар натиҷа халабони чархбол, Сергей Тюрин ба ҳалокат расид ва чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
День инноваций Министерства обороны Российской Федерации - 2015. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Суқути чархбол дар Афғонистон 9 низомиро кушт
Ин чархболи барои иниқол додани сайёҳони рус, ки ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федчинко дучори мушкил шуда буданд, ба ноҳияи мазкур парвоз кард. Дар чархбол 5 сарнишин қарор доштанд ва соати 12:10 дақиқа аз назари радар нопадид шуданд.
Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст.
Зимнан, рӯзи 6 августи бо кумаки чархболи МИ-8 10 нафар – 6 нафар сайёҳони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала