"Хеле зуд": Лукашенко дар бораи канорравияш аз мақоми президентӣ ва ҷойгузинаш

© БелТА / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус дар мавриди замони канорравияш аз роҳбарии кишвар ва афроди ҷойгузинаш суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко, гуфт дар ояндаи наздик метавонад, аз мақоми роҳбари кишвар канор равад.
“Ояндаи наздик, хеле наздик”, - изҳор дошт Лукашенко зимни суҳбат дар бораи канорравияш аз мақоми роҳбари кишвар.
Раисиҷумҳури Белорус зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар мавриди санаи дақиқ ҳадс задан зарурате нест.
Ба суол дар мавриди ҷойгузинаш, Александр Лукашенко, аз нафари мушаххасе ном набурд, танҳо шумораашонро баён дошт.
Митинг в поддержку действующего президента Белоруссии А. Лукашенко в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Коршинос гуфт, дар сурати қатли эҳтимолии Лукашенко қудрат ба дасти кӣ мегузарад
Ӯ гуфт, 15 – 20 нафареро мебинад, ки метавонанд то ба сатҳи роҳбари давлат рушд кунанд.
Инчунин роҳбари Белорус тағйирот ба қонунгузории кишварро ворид намуд, ки масоили идориро дар сурати кушта шуданаш, ғайри қобули кор донистанаш ё фавташ бар асари беморӣ танзим мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала