Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Маркази вилояти Қундуз ва Сарипул суқут карданд

© AFP 2021 / HOSHANG HASHIMIПодразделения коммандос Афганской национальной армии
Подразделения коммандос Афганской национальной армии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Толибон* маркази вилояти Қундуз ва Сарипул дар шимоли Афғонистонро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ҳамалоти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* ба маркази Сарипул чанд рӯз аст, ки давом дошт ва ахиран контроли ин шаҳр комилан ба дасти Толибон* уфтод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

"Нерӯҳои амниятии Афғонистон ба як пойгоҳи низомии берун аз шаҳр интиқол дода шуданд. Дар наздикии пойгоҳ задухӯрдҳо идома доранд", - иттилоъ додааст манбаъ.

Амруддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, низ гуфт, ки даргириҳо байни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангҷӯёни Толибон* ду рӯз боз идома доранд ва ҳоло ҷангҷӯёни Толиб* Кундузро таҳти назорати худ гирифтаанд.
Вай гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти маҳаллӣ ба фурудгоҳи Қундуз ақибнишинӣ кардаанд ва дар ҷараёни даргириҳо бархе аз дӯконҳо ва мағозаҳо дар маркази шаҳр оташ гирифтаанд.
Окровавленный флаг талибов на окне университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Марги даҳшатбори 12 узви як хонавода дар Афғонистон: 6 кӯдак ҳам кушта шуд
Толибон ба тасарруфи вилоятҳои Қундуз ва Сарипул ишора карданд.
Ба гуфтаи шоҳидони айни замон, ҷангҷӯёни Толиб* маҳбусонро пас аз забти Қундуз раҳо кардаанд.
Пас аз авҷ гирифтани хушунатҳо дар Афғонистон, сафоратхонаҳои Амрико ва Бритониё дар Кобул аз шаҳрвандони худ дар Афғонистон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар ин кишварро тарк кунанд.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала