Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар Тоҷикистон ҳаво камабру тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошад ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Девушки отдыхают, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Мутахассис гуфт, чаро яхмос дар гармӣ хатарнок аст
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала