Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимон доруеро пайдо намуданд, ки коронавирусро 70 дарсад нест мекунад

Работа лаборатории   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Самаранокии фенофибат бар штамми "делта" - и коронавирусто ҳол омӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Олимони як гурӯҳи байналмилалӣ дарёфтанд, ки доруи фенофибрат, аз ҷумла кислотаи фенофибрион метавонад коронавируси SARS-CoV-2-ро дар ҳуҷайраҳои инсон нобуд созад.
Ба гуфтаи онҳо, фенофибрат то 70 дарсар ин вирусро хунсо мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
Тибқи як мақола дар маҷаллаи илмии Frontiers in Pharmacology, фенофибрат як доруест, ки барои паст кардани холестирин дар беморони гирифтори хатари бемориҳои дилу раг истифода мешавад.
Таҷрибаҳои лабораторӣ нишон доданд, ки фенофибрат қодир аст, сарбории вирусиро 70% кам кунад.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, ки доруҳои арзону дастрас бар зидди коронавирус самаранок будаанд
Ин дору самаранокии худро ба аксар штаммҳои SARS-CoV-2 нишон дод, аммо самаранокии он бар штамми "делта" - и коронавирус то ҳол омӯхта мешавад.
Ба гуфтаи олимон, фенофибрат дар саросари ҷаҳон хеле арзону дастрас аст, аз ин рӯ дар кишварҳои даромади кам ва миёна, инчунин барои бемороне, ки ваксина тавсия дода намешавад, он метавонад хеле муфид бошад.

Аломатҳои шиддати "делта"

Дар беморони мубталои коронавирус, нишонаҳои ҷараёни беморӣ тағйир ёфтанд. Шумораи ками одамон аз набудани бӯй шикоят мекунанд ва шумораи бештари одамон нишонаҳои меъда ва дарди шикамро аз сар мегузаронанд.
Штамми "делта" COVID-19 ҳатто ба ҷавонони солим ва иммунитети қавӣ таъсир мерасонад. Гузашта аз ин, беморӣ шадид буда, ба тамоми бадан ду баробар зуд таъсир мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала