Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Олмон барои Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад

© REUTERSВакцина Johnson & Johnson
Вакцина Johnson & Johnson  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Боз як бастаи нави ваксинаи зидди коронавируси аз хориҷӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Олмон миллионҳо вояи ваксинаи коронавирусро ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон тақдим кард. Дар ин бора намояндаи девони Вазирони Олмон Улрике Деммер дар брифинге изҳор дошт.
Дар маҷмӯъ, Олмон ба панҷ кишвар тақрибан 30 миллион вояи ваксинаи AstraZeneca интиқол медиҳад. Ваксина ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия интиқол дода мешавад.
Деммер инчунин гуфт, ки ваксинаҳо ба кишварҳо тавассути барномаи COVAX фиристода мешаванд.
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ: то охири сол 5,8 миллион нафар бар зидди коронавирус ваксин мегиранд
Ёдовар мешавем, ки барои эмгузаронии аҳолӣ Тоҷикистон аз манбаъҳои гуногун беш аз чор миллион вояи доруи хориҷӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар кишвар аҳолӣ метавонанд бо ваксинаи чинии CoronaVas, AstraZeneca-и Англия-Шведсияи истеҳсолоти Ҳиндустон ва Moderna - и амрикоӣ эм кунанд.
Дар кишвар инчунин масъалаи таъмини ваксинаи русии "Sputnik V" баррасӣ мешавад. Тибқи созишнома бо Федератсияи Русия, он ба Тоҷикистон низ ройгон дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала