Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо медал гирифт

© Федератсияи ҷудои ТоҷикистонҶаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик аз миёни варзишгарони 14 давлати дунё сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ҷаҳонгир Маҷидов ҷудокори тоҷик дар Ҷоми Аврупо миёни калонсолон сазовори медали нуқра гардид.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 7-8 дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило дар даври аввал Ёқубҷон Назирови тоҷикро, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, шикаст дод.
Олимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Ҷудо: исми чор варзишгари тоҷик дар феҳрасти иштироккунандагони Бозиҳои олимпӣ
Дар даври чорякниҳоӣ бошад, Эмил Қурбонови русро мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар нимфинал бар варзишгари дигари мизбон Адам Утсиев пирӯз шуд, вале дар рақобат барои нишони тилло аз Мирзо Шикориев (Русия) мағлуб гардид ва соҳиби медали нуқра шуд.

Ду варзишгари дигари тоҷик Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷои ҳафтумро сазовор гардиданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо 197 варзишгар аз 14 давлат ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0