Оғози фаъолияти ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Истаравшан

© Sputnik / Амир ИсаевЛаборатория Таджикстандарта
Лаборатория Таджикстандарта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти Суғд аз ифтитоҳи ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар шаҳри Истравшан хабар доданд
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Ахиран дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истаравшан ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, ташхисгоҳ бо дастгирии мақомоти шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир аз таъмири пурра бароварда шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси "COVID-19" таъсис дода шуд ва ҷараёни ташхис 3 зинаро фаро гирифта, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.
Школьники в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Роҳи нави ҳифзи кӯдакон аз коронавирус маълум шуд
“Аз тарафи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ як адад таҷҳизоти ташхиси бемории сироятии "COVID-19", бокси бехатарӣ, яхдон, қуттии дорувориҳо ҷиҳати гузаронидани ташхис барои 5000 таҳлил ва дигар лавозимоту таҷҳизотҳои замонавӣ ва зарурӣ харидорӣ карда шуда, ташхисгоҳ имруз барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ пурра омода аст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон” гузаштанд.
манбаъ қайд кардааст, ки то имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории "COVID-19" барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.
Лентаи хабарҳо
0