Ёвари Устод Ато иддаои Толибонро* дурӯғ хонд: “вориди Мазори Шариф нашудаанд”

© аз бойгонии Қудратуллоҳ ҲурматҚорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх
Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх иддаои Толибон* - ро дар мавриди вуруд ба шаҳри Мазори Шариф рад кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Толибон* вориди Мазори Шариф нашудаанд, ҷанг барои камарбанди дифоие шиддат гирифтааст, ки атрофи шаҳр таҳия шудааст, изҳор дошт Қорӣ Қудратуллоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ тасдиқ кард, ки даргириҳо дар ҷабҳаҳои камарбанди амниятӣ амниятӣ шиддат ёфтаанд, аммо Толибон* бо муқовимати сахт дучор омадаанд.
“Нерӯҳои ҳукуматӣ бо иттифоқи хезишҳои мардумӣ таҳти роҳбарии Шӯрои низомии басиҷи миллӣ дар ин ҷанг бо Толибон* муқовимат мекунанд. Ҳанӯз Толибон* ҳеч пешравие накардаанд. Мо тамоми талошро мекунем, ки шаҳри Мазори Шариф ба дасти онҳо нағалтад”, - изҳор дошт Қорӣ Қудратуллоҳ.
Манобеъ афзуданд, ки ҷангиёни Толибон* ба минтақае, ки дастгоҳҳои танзими барқ он ҷоянд, ҳамла карданд, аммо пас гардонда шуданд.
Аммо Толибон* эълон намудаанд, ки вориди Мазори Шариф шудаанд. Ҷангиёни Толибон* дар пайи ҳамла аз чор ҷониб тавонистаанд аз як тараф вориди Мазори Шариф шаванд, хабар дод РИА Новости бо такя ба намояндаи ин созмони мамнӯъ.
Маврид ба зикр аст, ки барои дифои Балх ва маркази он Мазори Шариф, Ато Муҳаммади Нур аввали моҳи июл раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх интихоб шуда буд, ки 9 танзиму ҳизби сиёсӣ дар Афғонистонро муттаҳид мекунад. Теъдоди ҷангиёни ин Шӯро, ки ба дифоъ аз Толибон* бархостаанд, ҳудуди 15 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Тафсилоти музокироти оянда бо Толибон* гуфта шуд: интизориҳо аз нишасти навбатии Доҳа
Дар ҳамин ҳол расонаи афғонистонии "Тулӯъ" низ аз идомаи ҷангҳо дар Балху Тахор хабар дода, афзудааст, ки даргириҳо дар наздикии шаҳри Мазори Шариф, маркази Балх рух дода истодаанд. Мусоҳибони "Тулӯъ" аз макони даргирӣ таъкид намудаанд, ки агар нерӯҳои ҳавоӣ ба пуштибонии нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ зудтар наоянд, ҷангиёни Толибон* хатти дифоъро мешикананд.
Мазори Шариф – маркази Балх, бо вуҷуди суқути чанде аз вулусволии вилоят ба дасти Толибон*, то ҳол як ҷазираи амну осоиш гуфта мешуд, ки амният дар он таъмин буд. Ин шаҳр яке аз минтақаҳои калидии шимоли Афғонистон арзёбӣ мешавад, ки фармондеҳии минтақаваии нерӯҳои махсус, пулис ва мудофиа дар он қарор доранд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала