Толибон* вориди Мазори Шариф шуданд - расонаҳо

© REUTERS / Jalil Ahmad Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Ҷангиёни созмони мамнӯи Толибон* аз чор тараф шаҳри Мазори Шарифро ҳадафи ҳамла қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҷангиёни Толибон* дар пайи ҳамла аз чор ҷониб тавонистаанд аз як тараф вориди Мазори Шариф шаванд, хабар додааст РИА Новости бо такя ба намояндаи ин созмони мамнӯъ.
Аммо расонаи афғонистонии "Тулӯъ" аз идомаи ҷангҳо дар Балху Тахор хабар дода, афзудааст, ки даргириҳо дар наздикии шаҳри Мазори Шариф, маркази Балх рух дода истодаанд. Ин расона афзудааст, ки ҷангҳо инчунин дар минтақаи Пули Имом Бухорӣ шиддат гирифтаанд.
Мусоҳибони "Тулӯъ" таъкид намудаанд, ки агар нерӯҳои ҳавоӣ ба пуштибонии нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ зудтар наоянд, ҷангиёни Толибон* хатти дифоъро мешикананд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Артиши Русия террористонро дар марзи Афғонистон бомбаборон мекунад: ҳоло танҳо дар тамрин
Дар ҳамин ҳол РИА Новости бо такя ба намояндаи Толибон* афзудааст, ки ҳамла ба Мазори Шариф аз чор тараф аз сар гирифта шуда, ҷангиён тавонистаанд, ки аз як тараф вориди шаҳр шаванд.
Мазори Шариф, маркази музофоти Балх аз шаҳрҳои калидии шимоли Афғонистон мебошад, ки то ҳол ҷангиёни Толибон* натавонистаанд онро ғасб намоянд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала